ХАБАР

Мулоқот бо Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо

2018-03-22unНимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо барои ба вазифаи Раиси ниҳоди “СММ-Об” таъин шуданашон табрик намуданд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд аҳамияти об - захираи муҳими инсониро барои рушди соҳаҳои мухталифи кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистон кишвари фаъол дар пешбурди масъалаҳои об ва муаллифи аксари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад.

Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо дар навбати худ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвари ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, заҳматҳои хастанопазир ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақш ва ҳузури Сарвари давлатро дар Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳалкунанда номиданд.

Ҷонибҳо эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”-ро аз тарафи Тоҷикистон аз ҷумлаи ташаббусҳои бобарор арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсола аз рушди устувор, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо иборат мебоша ва бо итминон метавон гуфт, ки ин Даҳсола низ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” даъват ба амал оварданд.

Бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷилберт Хунгбо омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” иброз дошт.

 

Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

2018-03-2222 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд.

Дар оғози кори иҷлосия Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал оид ба ҳадафҳои ин ҳамоиши сатҳи баланд ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмиллалӣ суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшиданд. Инак шуруъ аз ҳамин рӯз татбиқи ташаббуси дигари Тоҷикистон дар тамоми сайёра оғоз гардид.

Дар чорабинии имрӯза, ки ҳамчунин ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об рост омад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ин ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли яке аз мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои қаблии Тоҷикистон ва иҷрои тадбирҳои муҳими иҷрошуда дар чаҳорчӯби тадбирҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни татбиқи ин ташаббусҳо мо таҷрибаи арзишманде андӯхтем, ки дар анҷом додани вазифаҳои нави сермасъул дар бахши захираҳои об ба мо кумак хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳалли масоили зикршуда равона хоҳад кард.

Дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” инчунин дигар коршиносон, шаҳрвандони як қатор кишварҳо баромад карда, ба иқдоми эълони даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳам чун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд.

 

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

40237287734521 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерриш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии Ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030, ислоҳоти Низоми Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои сулҳу амният, низоми рушд ва мудирият, инчунин Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар доираи Барномаи рушди Созмони Милал таҳиягардида ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд, баррасӣ карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милал, рӯзҳои 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор менамояд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин “Энергияи устувор барои ҳама” муҳокима карда шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нақши пешсаф ва пешвогии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масоили обӣ, пешбурди муваффақомези рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирии ангезиши падидаҳои он дар минтақа ва фаротар аз он қайд намуд.

Дар пуштибонии ақидаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш пайвасти зичи масоили обу энергетикаро ба таври возеҳ таъкид намуд.

Ӯ иброз дошт, ки пешгирии зуҳуроти тағйирёбии иқлим ин тавлиди энергияи аз манбаҳои таҷдидшаванда ва ё барқароршаванда мебошад ки захираву иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он боиси қобили мулоҳиза аст.

Вобаста ба андешидани тадбирҳои муштарак баҳри аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии зиддимухаддиротии худ ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ баргузор менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб баҳри кӯмаку дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Антониу Гутерриш ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои густурда бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар пешгирии терроризм изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи мо — Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон тавассути пайваст намудани шоҳроҳҳои нақлиётии ду кишвар, бунёди “пули энергетикӣ”-и CASA-1000 ва дигар тадбирҳо табодули андеша сурат гирифт.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш таъкид кард, ки “Ман нигаронии Шуморо дар бораи дурнамои вазъи Афгонистон, ташаннуҷи вазъ дар Афгонистон дар мубориза алайҳи ҷангҷуён, пешгирии терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон хуб дарк менамоям”.

 
 

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Ширкати “Боинг”

 40047193945 ba72653ac6 z121 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка намояндагони Ширкати “Боинг” — ро ба ҳузур пазируфтанд.

​Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳдошти парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ, табодули андеша карда шуд.

​Тавре маълум аст, якчанд ширкати Тоҷикистон, ба хусус Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз тайёраҳои муосири “Боинг” истифода мебаранд.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри беҳсозии сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ ва дигар ҳадафҳо дар ин самт мусоидат мекунад.

 

Тағйирёбии иқлим пиряхҳоро аз байн мебарад

Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим зиён ба аксар кишварҳои сайёра расидааст, аз ҷумла ба Тоҷикистон. Боиси қайд аст, ки то кунун 30%-и пиряхҳои Тоҷикистон  дар пайи тағйирёбии иқлим аз даст рафтанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дорои беш аз 13 ҳазор пиряхҳо буда, ҳаҷмии умумии онҳо 850 километри мукаабро ташкил дода, то имрӯз 30%-и онҳо аз даст рафтаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси олӣ 22 декабри соли 2017 иттилоъ доданд, ки “аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.”

Бинобар ин ҳолат сарвари давлат супориш доданд, ки Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ зимни шарҳи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» ба хабарнигорон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе гуфта буд, Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи офатҳои табиӣ осебпазир аст.

Соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба созишномаи Париж дастгирӣ карданд. Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зимни муаррифи созишномаи Париж ба вакилон иттилоъ дода буд, ки тағйирёбии иқлим ва боло рафтани ҳарорати  ҳаво солҳост, ки идома дошта, садсолаи охир дараҷаи гармӣ ба 1С0 расидааст. 50 соли охир 1,5 С0 ва 25 соли охир 2,5 С0 гарм шуда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагӣ таъсир расонидааст.

Бояд гуфт, тағйирёбии глобалии иқлим ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии сайёра таъсири манфӣ дошта, боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ мегардад. 

Таҳти таъсири гармшавии иқлим ва маҳдуд гардидани масоҳати пиряхҳо дар вақтҳои охир масоҳати 6 кӯли Помир (Тузкӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Учкӯл, Булункӯл, Аждаркӯл) торафт маҳдуд мегардад. Масалан таи чанд соли охир Шоркӯл, ки дар қисмати шарқии Помир ҷойгир аст,  қариб тамоман хушк гардидааст. Маҳдуд гардидани масоҳати кӯлҳои Помир ба мавзеъҳои зисти парандагони наздиобӣ ва дар об шинокунанда таъсири манфӣ мерасонад. То ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Рангкӯл ва Шоркӯл ғози ҳиндӣ, ки парандаи нодир ва эндемики минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, лона гузошта афзоиш менамуд. Бо сабаби  маҳдуд гардидани муҳити зист алҳол ғози ҳиндӣ дар Шоркӯл ва Рангкӯл дигар лона намегузорад.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, агар чораҳои зарурӣ дида нашавад, тағйири иқлим ба зиндагии сахти зиёда аз сад миллион нафар аз аҳолии ҷаҳон сабаб хоҳад шуд.

Дар гузорише, ки ин бонк ҳанӯз ду соли қабл нашр карда буд, таъкид мегадид, ки ин гурӯҳи мардум зери хатари оқибатҳои сахти табиӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, хушкӣ, гармо ва обхезӣ қарор мегиранд.

«Онҳо беш аз дигарон осеб хоҳанд дид, зеро аз низоми молӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ»-и зарурӣ бархурдор нестанд, зикр шуда буд дар гузориш.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия соли 2015 дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим, ки ба мушкили бузурги сайёра - тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистон кӯҳсор аст ва ин кӯҳистон яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ мебошад, зеро 60% оби минтақа аз пиряхҳои ин ҷо сарчашма мегирад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт: "Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст ".

                                                                               Сафарбек Кабиров

 
 

Саҳифаи 1 аз 113

Back to Top