Хабар

Маҳви 50 террористи ДИИШ дар Ироқ

07.08.2015 16:23

11443Беш аз 50 террорист бо иловаи 2 фармондеҳи ифротгарои ин гурўҳ дар як амалиёти қувваҳои ҳавойии Ироқ дар вилояти Анбор нобуд гардиданд.Тибқи гузориши хабаргузории арабии Ал-Фурот , ин теъдоди террористҳо дар амалиётҳои алоҳида дар шаҳрҳои Ҳусайба 7 километрии маркази шаҳри Рамодӣ ва ноҳияҳои Маломеҳ ва Албу Алвон нобуд шудаанд. Ҳавопаймоҳои низомии Ироқҳамчунин 9 анбори аслиҳа , 22 мошини зиреҳпўш ва 14 мошини мутааллиқ ба ДИИШ-ро маҳв

 

Амалиёти экологии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Истиқлолият

06.08.2015 11:04

22294519471Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 август то 7 сентябри соли равон Амалиёти экологии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” доир мегардад.

Дар он кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳаллӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар назди биноҳо, майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ташкиливу ободониро анҷом дода, ба ин васила дар тозагию зебоии кишвар саҳм мегузоранд.

МУФАССАЛ...

 

Маҳви 88 ҷангии ифротгаро дар Афғонистон

06.08.2015 08:47

454389Дар давоми ду шабонарӯзи охир дар қаламрави Афғонистон 88 ҷангии ифротгарои мусаллаҳ маҳв карда шуд. 
Расонаҳои хабарӣ бо такя ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар иттилоъ медиҳанд, ки амалиёти поксозӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон сурат гирифта, аз ҷумла дар Нангарҳор беш аз 60 нафар террорист нобуд гаштааст.
Террористони маҳвгардида аъзои гурӯҳи ифротии «Толибон» ва ифротгароёни “Давлати Исломӣ” мебошанд.

 
 

Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Абдул Қодир Балуч

31.07.2015 14:53

763873287Дирӯз  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири федералӣ оид ба масъалаҳои вилоятҳо ва минтақаҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Қодир Балуч, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва роҳҳои татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи июни соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.

 

 

М.Убайдуллоев: «Мо аз дастовардҳои Эрон хушнуд ҳастем»

31.07.2015 14:43

786767«Мо аз дастовардҳо ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем»,- гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил - раиси комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ,  раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати эрониро ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ҷиҳати густариши робитаҳои мутақобилан судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  нек арзёбӣ намуд. Раиси Маҷлиси миллӣ зикр кард, ки ҳарду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи феълии  муносибатҳо аз имконоти мавҷуда  истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки парлумонӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд. М. Убайдуллоев таъкид кард, ки Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар робита буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарлумонӣ тадбирҳои судманд меандешад.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 11 аз 96

Back to Top