Хабар

Лавров: Ҳамааш айби Обама

А 16Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров ба сард шудани  муносибат байни Маскаву Вашингтон роҳбари собиқи ИМА Барак Обамаро гунаҳкор донист.
Лавров дар мусоҳиба бо нашрияи арабии Asharq Al Awsat гуфтааст, Маскав умедвори аз бунбаст раҳо кардани муносибатҳо бо ИМА буда, омодааст роҳҳои мусолиҳаро пайгирӣ кунад.
Ба гуфтаи вазир, ин ки муносибатҳо дар чунин сатҳи паст қарор гирифт, ҷониби Русия гунаҳкор нест.
"Ин натиҷаи бевоситаи сиёсати Барак Обама мебошад, ки бунёди ҳамкориҳоро хароб кард ва пеш аз рафтанаш низ монеаҳо эҷод кард", - гуфтааст Сергей Лавров.

 

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

SHavkat-mirziyoev-Tochiki-telИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доштанд.

Сарвари давлати Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.

Сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.

Суҳбати телефонӣ дар фазои дӯстӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум сурат пазируфт.

 

Ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар Тошканд ба намоиш мегузоранд

namoishgohҲудуди 120 ширкату  корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар  нахустин намоишгоҳи саноатӣ, ки 11-13 октябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон -шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Дилшод Мирсаидов, сардори шуъбаи  фаъолияти намоишгоҳии  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр кард, ки  дар намоишгоҳ маҳсулоти соҳаҳои энергетика, маъдани кӯҳӣ,  сайёҳӣ,  фармасевтӣ, маориф, табъу нашр, саноати сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, армуғон, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта мешаванд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд, ҳамзамон  ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон  баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар матраҳ гарданд.

 
 

Эрдоган:Туркия ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ниёз надорад

эрдугон1Иттиҳоди Аврупо муносибатеро, ки Туркия аз соли 1963 ба роҳ монда буд, нодуруст фаҳмид, мегӯяд роҳбари Туркия.
Ба иттилоъи хабаргузории Sabah, Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган эълон намудааст, ки кишвараш  дигар ба узвияти ИА эҳтиёҷ надорад.
Эрдоган таъкид намудааст, ки ин дафъа Туркия тасмими аввалро намегирад ва бигузор роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо тасмим бигирад.
Аввалҳои моҳи сентябр садриаъзами Олмон Ангела Меркел изҳор намуда буд, ки барои шомилшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврупо ягон имкониятро намебинад. Баъдтар намояндаи ИА оид ба корҳои хориҷӣ Федерик Могерин гуфта буд, ки гуфтушунид перомуни узвияти Туркия ба иттиҳод дар ҷараён аст.

 

Трамп: Кореяи Шимолиро ман уҳда мекунам

Президенти ИМА таъкид кардааст, ки дар фарқият аз ҳамтоёни қаблии худ, мушкили Кореяи Шимолиро ҳал хоҳад кард.

    tr3Доналд Трамп, Президенти ИМА рӯзи 2-юми октябр дар саҳифааш дар Twitter навишт, ки «муроҷиати меҳрубонона» бо роҳбарони Кореяи Шимолӣ давоми чандин сол имкон надод, масъалаи ядроӣ ҳалли худро ёбад ва изҳор намуд, ки аз уҳдаи ин кор худаш бармеояд:

   "Муроҷиатҳои навозишомез бо Одам-ракета (роҳбарони КНДР), ки дар тӯли 25 сол ҳеҷ натиҷа надод, чаро бояд имрӯз таъсиргузор бошад? Клинтон натавонист, Буш натавонист, Обама натавонист. Ман метавонам», - бо  таъкид навиштааст Трамп.

 Қаблтар аз ин, президенти ИМА гуфтушундҳои роҳбари Департаменти давлатӣ Рекс Тиллерсонро бо ҳукумати Кореяи Шимолӣ «сарфи беҳудаи вақт» унвон кард, чун КНДР ба гуфтушунидҳои мусолиҳатомез таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.  

 
 

Саҳифаи 2 аз 96

Back to Top