Хабар

Мулоқоти С. Аслов бо А.Орзу

08.01.2014 05:00

1389162246 aslov orzu 07 01 2014Дирўз мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзу баргузор гардид.

Сафир дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати таъйин шудан ба мансаби баланд муборакбод гуфта, ба фаъолияти ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

МУФАССАЛ...

 

Озмуни суратгирон

08.01.2014 05:00

фотографРаёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт озмуни суратгирони хоҳишманду касбиро таҳти унвони «Сад расми зебо, слайд ва наворҳои маҳалҳои сайёҳии   шаҳри Душанбе» эълон кард.

Назар ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун, иштироккунандагони он метавонанд суратҳои ҳаргуна ҷойҳои   зебои   Тоҷикистонро ирсол намоянд.

Хотирнишон месозем, ки хоҳишмандон метавонанд асарҳои худро то 15 январ ба озмун пешниҳод кунанд. Натиҷаи озмун 20 январ эълон мегардад. Ғолибони озмун бо диплому тӯҳфаҳои қиматбаҳо ва мукофотҳои хотиравӣқадр карда мешаванд

 

Шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустӣ

18.12.2013 05:00

КОМПЮТЕРБо мақсади таҳким бахшидани системаи идоракунии иттилоотии тандурустӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 компютер, 160 модем ва 90 дастгоҳи чоп ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим гардиданд . Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоӣ дар доираи Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ барои таҳким бахшидани системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (HMIS III)» дастрас карда шудааст.

МУФАССАЛ...

 
 

Афзоиши истихроҷи ангишт

18.12.2013 05:00

ангишт Тавре аз дарфтари матбуоти Вазорати саноат ва технлогияҳои нави ҷумҳурӣ ба мо хабар доданд, корхонаҳои соҳаи ангишт оид ба таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла, ангишт, истихроҷи онро ба миқдори зиёда аз ним миллион тонна расонидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 100 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки фурӯши ангишт дар 11 моҳи соли ҷорӣ 450 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 85 ҳазор тонна ангишт захира карда шудааст-илова намуд манбаъ.

 

Таъмин намудани эҳтиёҷоти мардум

18.12.2013 05:00

наклиёт 2Тавре аз Муассисаи давлатии комуналии «Душанбенақлиёт-хадамот»-и шаҳри Душанбе хабр доданд, ҳамарӯза барои таъмин намудани эҳтиёҷоти мардум бо нақлиёт дар 87 хатсайр аз ҷумла 20 хатсайр автобус, 11 хатсар тролейбус ва 56 хатсари микроавтобус барои мардум хизмат мерасонанд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 94 аз 96

Back to Top