Хабар

Давраи навбатии гуфтушуниди Эрон бо МАГАТЭ

15.01.2014 05:00

иран Давраи навбатии гуфтушуниди Эрон бо МАГАТЭ аз рӯзи 21 – уми январ ба 8 – уми феврали соли ҷорӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус ба Агентии «РИА Новостӣ» котиби матбуотии созмони мазкур – Ҷил Тюдор иттилоъ додааст. Дар ҳамин замина номбурда изҳор доштааст, ки дар ин мулоқот масъалаҳои техникие, ки зимни гуфтушуниди ҷонибҳо дар таърихи 11 – уми ноябри соли гузашта ба даст омада буд, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт. 

МУФАССАЛ...

 

Ба кор даровардани маркази нави барқу гармидиҳии пойтахт

10.01.2014 05:00

1389343574 img 0033Имрӯз  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣқарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо масъулину мутахассисони Тоҷикистону Чин, ки ба таври муштарак ба сохтмону таҷҳизи маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе машғуланд, истиқбол гирифтанд.

Тавре иттилоъ доданд, барои сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти ин корхонаи азим кор ба таври шаборӯзӣ ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

МУФАССАЛ...

 

Мулоқоти С. Аслов бо А.Орзу

08.01.2014 05:00

1389162246 aslov orzu 07 01 2014Дирўз мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзу баргузор гардид.

Сафир дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати таъйин шудан ба мансаби баланд муборакбод гуфта, ба фаъолияти ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

МУФАССАЛ...

 
 

Озмуни суратгирон

08.01.2014 05:00

фотографРаёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт озмуни суратгирони хоҳишманду касбиро таҳти унвони «Сад расми зебо, слайд ва наворҳои маҳалҳои сайёҳии   шаҳри Душанбе» эълон кард.

Назар ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун, иштироккунандагони он метавонанд суратҳои ҳаргуна ҷойҳои   зебои   Тоҷикистонро ирсол намоянд.

Хотирнишон месозем, ки хоҳишмандон метавонанд асарҳои худро то 15 январ ба озмун пешниҳод кунанд. Натиҷаи озмун 20 январ эълон мегардад. Ғолибони озмун бо диплому тӯҳфаҳои қиматбаҳо ва мукофотҳои хотиравӣқадр карда мешаванд

 

Шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустӣ

18.12.2013 05:00

КОМПЮТЕРБо мақсади таҳким бахшидани системаи идоракунии иттилоотии тандурустӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 компютер, 160 модем ва 90 дастгоҳи чоп ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим гардиданд . Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоӣ дар доираи Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ барои таҳким бахшидани системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (HMIS III)» дастрас карда шудааст.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 93 аз 95

Back to Top