Хабар

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

укол 7 апрел дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҷлил шуд. Соли ҷорӣ мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷилавгирии сирояти бемориҳо ба воситаи ҳашарот буд.Беш аз нисфи мардуми ҷаҳон   зери хатари сирояти чунин бемориҳо аз қабили вараҷа, бемории Денге, лейшаманиоз, бемории Лайма, шистосомоз, ва табларза қарор доранд, ки ба воситаи хомушак, пашша, кана, туқумшулӯк ва ҳашароти дигар паҳн карда мешаванд.

МУФАССАЛ...

 

Гуфтушуниди Кобул бо ҳаракати «Толибон»

23.01.2014 05:00

толибон Гуфтушуниди Кобул бо ҳаракати «Толибон» эҳтимол меравад, ки баъди интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ, доир гардад. Дар ин хусус зимни сӯҳбаташ бо Агентии «РИА Новостӣ» намояндаи хоси Дабири кули СММ дар Афғонистон – Ян Кубиш изҳор доштааст.    

«Хоҳ нохоҳ ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни толиб, ки як қисми аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд лозим меояд, ки бояд сари мизи музокирот нишинанд» - изҳор доштааст номбурда. Ба андешаи Кубиш ин равнад айни замон низ идома дорад ва баъди сари қудрат омадани ҳукумати нав, он бо нерӯи тоза идома хоҳад кард.

 

Мулоқот бо гурӯҳи вакилони парлумони (САҲА) аз Шветсия ва Дания

23.01.2014 05:00

2014-01-18osce parlamentДирӯз  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Данияро, ки таҳти сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистону САҲА дар се самти асосӣ - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣҳамкории босамар доранд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ кам шудааст

21.01.2014 13:58

хизмат Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва ҷинояти фирор дар қисмҳои ҳарбӣ тамоюли пастшавӣ дорад»,- гуфт раиси Суди Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев 21 январ дар нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфтаҳои ӯ соли 2013 бо моддаи 374 - 17 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 20 нафар камтар мебошад. Яъне, соли 2012 теъдоди чунин шахсон 37 нафар буд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар соли 2013 нисбат ба 5 нафар судяи ҷумҳурӣҳукми айбдоркунӣ бароварда шуд. Онҳо барои қаллобӣ, гирифтан ва ё додани пора ва дигар ҷиноятҳо ба маҳкама кашида шуданд.

 

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон

20.01.2014 05:00

IMG 1411Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим муҳокима ва баррасӣ шуд.       Аз ҷумла аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»,

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 92 аз 95

Back to Top