Хабар

Ҳамлаҳои террористии пайиҳам дар Туркия

12.08.2015 21:28

45455Тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Туркия якчанд ҳамлаҳои мусалаҳҳона сурат гиирифт, ки мақомоти кишвар онҳоро амалҳои террористӣ унвон карданд. Бузургтарини онҳо ҳамла ба консулгарии ИМА дар Истамбул мебошад. Шахси номаълуме ба сӯи муҳофизони намояндагии дипломатӣ оташ кушода, пас аз бархӯрд бо полис фирор кардаанд. Аз рӯи баъзе маълумот, ин ҳамла аз ҷониби як зан ва як мард, бино ба маълумоти дигар бошад, аз ҷониби ду нафар зан сурат гирифтааст.

МУФАССАЛ...

 

Қасри Миллат-дуюмин кохи зеботарини президентӣ дар ҷаҳон

11.08.2015 14:48

87783778Қасри Миллат-Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи кохҳои зебои президентӣ дар ҷаҳон шомил гашт.
Сомонаи 
англисизабони theestle.net дар як раддабандӣ, ки хулосаи он 9 август нашр шуд, Кохи  Сафеди Амрикоро дар ҷойи аввал ва Қасри                                          миллати Тоҷикистонро дар ҷойи дуюм ҷой дода аст. Дар ҷойи сеюми ин раддабандӣ Қасри «Оқ-Орда»-и  Қазоқистон ҷойгир аст

 

Маҳви 50 террористи ДИИШ дар Ироқ

07.08.2015 16:23

11443Беш аз 50 террорист бо иловаи 2 фармондеҳи ифротгарои ин гурўҳ дар як амалиёти қувваҳои ҳавойии Ироқ дар вилояти Анбор нобуд гардиданд.Тибқи гузориши хабаргузории арабии Ал-Фурот , ин теъдоди террористҳо дар амалиётҳои алоҳида дар шаҳрҳои Ҳусайба 7 километрии маркази шаҳри Рамодӣ ва ноҳияҳои Маломеҳ ва Албу Алвон нобуд шудаанд. Ҳавопаймоҳои низомии Ироқҳамчунин 9 анбори аслиҳа , 22 мошини зиреҳпўш ва 14 мошини мутааллиқ ба ДИИШ-ро маҳв

 
 

Амалиёти экологии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Истиқлолият

06.08.2015 11:04

22294519471Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 август то 7 сентябри соли равон Амалиёти экологии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” доир мегардад.

Дар он кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳаллӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар назди биноҳо, майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ташкиливу ободониро анҷом дода, ба ин васила дар тозагию зебоии кишвар саҳм мегузоранд.

МУФАССАЛ...

 

Маҳви 88 ҷангии ифротгаро дар Афғонистон

06.08.2015 08:47

454389Дар давоми ду шабонарӯзи охир дар қаламрави Афғонистон 88 ҷангии ифротгарои мусаллаҳ маҳв карда шуд. 
Расонаҳои хабарӣ бо такя ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар иттилоъ медиҳанд, ки амалиёти поксозӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон сурат гирифта, аз ҷумла дар Нангарҳор беш аз 60 нафар террорист нобуд гаштааст.
Террористони маҳвгардида аъзои гурӯҳи ифротии «Толибон» ва ифротгароёни “Давлати Исломӣ” мебошанд.

 
 

Саҳифаи 10 аз 95

Back to Top