Хабар

Дар парлумони Эрон тирпарронӣ сурат гирифт

Parlumoni-Eron7 июн як гурӯҳ афроди мусаллаҳ дар парлумони Эрон оташ кушоданд. Ҳамчунин дар ҳудуди оромгоҳи Имом Хумайнӣ дар ҷануби пойтахти Эрон тирпарронӣ сурат гирифт. Дар бораи на кам аз 2 қурбонӣ ва беш аз 10 нафар маҷрӯҳшудагон иттилоъ расидааст. Дар ин бора «РИА Новости» бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад.
Яке аз онҳое, ки дар тирпарронии парлумони Эрон ҳалок гардид, корманди хадамоти муҳофизати парлумон буд. Баъд аз оғози тирандозӣ дар бораи гирифтани гаравгонҳо иттилоъ расид, вале то ҳол ин маълумот тасдиқ нашудааст.
Бино ба иттилои агентии эронии «Форс», яке аз иштирокчиёни ҳамла ба парлумон маргталаб мебошад, ки ҳоло дар иҳотаи неруҳои амният қарор дорад. «Яке аз иштирокчиёни тирпарронӣ дар парлумони Эрон маргталаб мебошад. Ӯ дар иҳотаи неруҳои амният қарор дорад», — гуфта мешавад дар иттилоияи агентӣ дар «Twitter».
Бино ба иттилои агентии «Tansim», яке аз иштирокчиёни тирпарронӣ дар парлумон биноро тарк карда, дар кӯча оташ кушодааст. «Яке аз террористон тирпарронии бетартибона карда, бинои парлумонро тарк менамояд ва дар кӯча оташ мекушояд» — хабар дод агентӣ.
Худи ҳамин рӯз дар оромгоҳи Имом Хумайнӣ дар ҷануби Теҳрон бар асари тирпарронӣ як нафар ҳалок гардида, 5 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз ҳамлагарон дастгоҳи таркандаи дар баданаш бударо дар ҳудуди оромгоҳ тарконд. Тибқи баъзе маълумотҳо, ӯ зан будааст.
Бино ба хабари хадамоти матбуоти оромгоҳ, неруҳои амнияти Эрон иштирокчии дуюми ҳамла ба оромгоҳи Имом Хумайниро нобуд кардаанд. Ҳамчунин иттилоъ расид, ки ду нафар дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар наздикии бинои оромгоҳи Имом Ҳумайнӣ дастгоҳи тарканда безарар карда шуд. «Мансабдорон иттилоъ доданд, ки субҳи имрӯз дар наздикии оромгоҳи Имом Хумайнӣ як дастгоҳи тарканда безарар карда шуд», — омадааст дар иттилоияи агентии «Меҳр» дар «Twitter».
Истгоҳи метро дар оромгоҳи Имом Хумайнӣ пас аз иттилоъ дар бораи тирпарронӣ баста шуд.

 

Ќувваозмоӣ бо пурқувваттарин дастаҳо

07.06.2017 1afccup2017-9Дирӯз дар пойтахти Малайзия- шаҳри Куала Лумпур маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар марҳилаи нимфиналии минтақавӣ баргузор шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»  ғолиби ҷуфти минтақаи Уқёнус- дастаи «Хоум Юнайтед»-и Сингапур ва «Серес»-и Филиппин  хоҳанд буд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» бозии аввалини даври нимфиналиро дар майдони худ баргузор мекунад. Бозиҳои аввали мусобиқаи мазкур рӯзҳои 22-23-юми август ва бозиҳои ҷавобӣ 12-13-уми сентябри соли равон баргузор мешаванд.

Бояд зикр кард, ки пеш аз оғози қуръакашӣ қаҳрамони Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои пирӯзӣ  дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар минтақаи марказ бо сертификати махсус қадрдонӣ шуд. Ба ҷуз дастаи «Истиқлол» ҳамчунин ғолибони дигар дар мусобиқаи мазкур ва Лигаи чемпионҳои Осиё Диплом ва Ифтихорномаи котиби генералии КФО Дато Виндзора Ҷонро дарёфт карданд.

 

Баррасии рушди ҳавонавардӣ

1i«Тоҷикистон бо 24 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  12 кишвари Осиё   ва чанд давлати Аврупо оид ба алоқаи ҳавоӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст». Ин нуктаро Хайруло Асозода, узви Кумитаи Маҷлиси  намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки дар мавзӯи «Рушди авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, зикр намуд.

Дар ҷаласа, ки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат иштирок доштанд, зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди авиатсияи гражданӣ тадбирҳои  мушаххас меандешад.  Ин аст, ки  барои баланд бардоштани   сифати хизматрасонӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо фурудгоҳҳои байналмилалии  Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд  бо таҷҳизоти аэронавигатсионӣ пурра таъмин карда шуда, фаъолияти низомҳои авиатсионии обуҳавосанҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷаласа ҳамзамон  доир ба рушди бахши ҳавонавардии  кишвар муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ  Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назар Одиназода  ва дигар масъулини соҳа гузориш доданд.

 
 

Марҳилаи охирини машқҳои ҳарбӣ-тактикии зиддитеррористӣ

1DSC 012801.06.2017 Машқҳои ҳарбӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо иштироки ҷузъу томҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, аз ҷумла: авиатсияи дурпарвози Федератсияи Россия, танку тӯпҳои дурандоз, аз ҷумла: артиллерияи реактивии пойгоҳи 201-уми Федератсияи Россия муваффақона идома доранд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз машқгоҳи «Ҳарб майдон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар наздикии хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 км) марҳилаи охирини машқҳои ҷангӣ дар шароити монанд ба ҳолати воқеӣ баргузор гардида истодаанд.

Полковник Ярослав Рошупкин, сардори Хадамоти  матбуоти ҳавзаи ҳарбии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иттилоъ дод: «Дар машқҳои ҳарбии имрӯза 30 адад ҳавопаймоҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои зарбазани СУ-25-С, ҳавопаймоҳои бомбаандози СУ-24-М, вертолётҳои ҷангии Ми-Я ва Ми-24, комплексҳои «Искандар», «Гвоздика», «Окатсия», «Град» ва зиёда аз 2000 нафар низомиён истифода мешаванд».

Хотиррасон менамоем, ки дирӯз дар маркази шаҳри Душанбе ва машқгоҳи «Лоҳур» амалиёти машқии «Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид. Амалиёт ба муқобили террористони шартие, ки мехостанд биноҳои маъмурӣ ва истиқоматиро ғасб намоянд, равона шуда буд.

Амалиёти машқии имрӯза нисбат ба амалиёти машқии дирӯза хеле калонҳаҷм буда, он ба муқобили гурӯҳҳои шартии террористони байналхалқӣ, ки мехостанд бо убур кардани сарҳади давлатӣ вориди Тоҷикистон шаванд, равона шудааст.

Машқҳои имрӯза, ки бо истифода аз силоҳу муҳимоти навтарин баргузор гардида истодаанд, аз тарафи ҳайати намояндагии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон Кумитаи иҷроияи ИДМ, Котиботи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА назорат мешаванд.

 

Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат

 01.06.2017  Имрӯз дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд  01.06.2017

Дар машварат Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазири мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони он, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Дар оғози кори машварат бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа ва муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, дар мақомоти прокуратура ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуд.

Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни шаҳру ноҳияҳои Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Сарбанди вилояти Хатлон, шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Варзоб, муовини прокурори шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кадрҳо ва сардори Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералӣ ва Прокурори нақлиёти вилояти Суғд таъйин карда шуданд. Ҳамчунин як қатор сардорони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Сипас дар машварат масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гузаронидани кишти такрорӣ, таъмини бозорҳои мамлакат ва махсусан шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тадбирҳои тақвиятбахшии таъминоти пойтахти мамлакат бо неруи барқ ва гармӣ, фаъолияти бонизоми соҳаи маориф, хусусан кори Маркази миллии тестӣ, ҷамъбасти соли хониш, ташкили истироҳати тобистонаи мактаббачагон ва дастгирию кумаки ҳаматарафа ба ятимону бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон баррасӣ гардид.

Дастур дода шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯроквориро ташкил намоянд.

Ҳамчунин барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногуни мамлакат бо барқу гармӣ, навсозии инфрасохтори муҳими энергетикӣ ва таъмини нақшаи ҷамъоварии маблағи барқ дастуру супоришҳои дигар дода шуданд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани соли хониш, таъмини шаффофияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва қабули довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкили истироҳату фароғати кӯдакону наврасони мамлакат дар истироҳатгоҳу лагерҳои наздимактабӣ ва марказҳои табобатию тавонбахшӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор карда шуданд.

Дар кори машварат ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарраи мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳо ва нақшаю барномаҳои минбаъдаи фаъолият вобаста ба таъмини дастуру супоришҳои додашуда мушаххас гардиданд.

 
 

Саҳифаи 5 аз 95

Back to Top