Хабар

Ҳамкории босамар

 S7A075924 октябри соли 2017 бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 25-умин солгарди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии СММ-Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов иштирокчиёни вохӯриро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳони муосир муҳим арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкории минбаъда дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи баланди робитаҳои рушдёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкории босамар бо СММ дар самти татбиқи барномаҳо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор иброз намуд.

 

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо

скачанные файлыИмрӯз, 5 октябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни 90 кг оғоз мешавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сӯҳроби Акбаршоҳ хабар дод, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо пуршукӯҳтарин мусобиқа дар соли равон ба ҳисоб рафта, имрӯз соати 15:00 оғоз меёбад.

Маросими расмии ифтитоҳи он барои ҷойҳои ифтихорӣ соати 18:00 муайян карда шудааст.

Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 15 кишвари дунё, ба монанди Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Россия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Украина, Голландия, Америка ва Куба иштирок намуда, дар вазни 90 кг қувваозмоӣ менамоянд.

Ҳамчунин дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар варзишгарони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Саидҷалол Саидов, Фирдавс Насимов, Акмалиддин Муродов ва Ғазалшоҳи Давлатшоҳ иштирок ва қувваозмоӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ бори панҷум аст Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Ба иттилои масъулин, барои ғолиби ҷои якум 7 ҳазор доллар, ҷои дуюм 4 ҳазор доллар ва 2 ҷои сеюм 2 ҳазор доллари ИМА мукофот муайян карда шудааст.

 
 

Лавров: Ҳамааш айби Обама

А 16Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров ба сард шудани  муносибат байни Маскаву Вашингтон роҳбари собиқи ИМА Барак Обамаро гунаҳкор донист.
Лавров дар мусоҳиба бо нашрияи арабии Asharq Al Awsat гуфтааст, Маскав умедвори аз бунбаст раҳо кардани муносибатҳо бо ИМА буда, омодааст роҳҳои мусолиҳаро пайгирӣ кунад.
Ба гуфтаи вазир, ин ки муносибатҳо дар чунин сатҳи паст қарор гирифт, ҷониби Русия гунаҳкор нест.
"Ин натиҷаи бевоситаи сиёсати Барак Обама мебошад, ки бунёди ҳамкориҳоро хароб кард ва пеш аз рафтанаш низ монеаҳо эҷод кард", - гуфтааст Сергей Лавров.

 
 

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

SHavkat-mirziyoev-Tochiki-telИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доштанд.

Сарвари давлати Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.

Сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.

Суҳбати телефонӣ дар фазои дӯстӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум сурат пазируфт.

 

Ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар Тошканд ба намоиш мегузоранд

namoishgohҲудуди 120 ширкату  корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро дар  нахустин намоишгоҳи саноатӣ, ки 11-13 октябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон -шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба намоиш мегузоранд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Дилшод Мирсаидов, сардори шуъбаи  фаъолияти намоишгоҳии  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр кард, ки  дар намоишгоҳ маҳсулоти соҳаҳои энергетика, маъдани кӯҳӣ,  сайёҳӣ,  фармасевтӣ, маориф, табъу нашр, саноати сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, армуғон, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ  ба намоиш гузошта мешаванд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд, ҳамзамон  ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон  баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар матраҳ гарданд.

 
 

Саҳифаи 1 аз 95

Back to Top