Волейболбозони «Динамо»- соҳиби ҷойи дуюм

volebolАз 20 то 30 апрели соли равон дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусобиқаи дӯстона оид ба волейбол баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тими миллии Афғонистон, тими «Ҷавонони Афғонистон», тими «Шорволии Кобул» ва тими «Ҷавонони Шорволии Кобул» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Муҳиб Латипов аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ҷойи аввал насиби тими миллии Афғонистон шуда ва ҷойи сеюмро тими «Ҷавонони Афғонистон» ишғол намуд.

Дар маросими хатми мусобиқа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов ва Президенти Федератсияи волейболи Афғонистон доктор Юнус иштирок намуда, ба ғолибон медалу «Сипоснома»-ҳо супориданд.

Back to Top