Машқҳои Паймонаи Атлантикаи Шимолӣ

ввс има Намояндаи нерӯҳои ҳарбӣ – баҳрии ИМА – Том Лапутса ба рӯзномаи «Иизвестия» - и чопи Маскав хабар додааст, ки дар машқҳои тобистонаи Паймонаи Атлантикаи Шимолӣ дар Баҳри Сиёҳ делфинҳои ҷангии ин кишвар ширкат хоҳанд кард. «Бори аввал дар баҳри кушод делфинҳои ҷангии Русия ва Амрико бо ҳам вомехӯранд. Маълум аст, ки чунин делфинҳо фақат дар Русия ва Амрико омӯзонида мешаванд» - илова намудааст нашрияи мазкур.

Том Лапутса, ки барномаи ширхӯрони баҳрии нерӯҳои ҳарбӣ – баҳрии кишварашро роҳбари мекунад изҳор доштааст, машқҳо бо иштироки 20 – делфин ва 10 – шери обӣ наздики ду ҳафта идома хоҳад кард. Тавре Агентии ИТАР ТАСС хабар медиҳад нақшаи тамринҳо бо ширхӯрони баҳрӣ санҷидани технологияи нави зиддирадарӣ мебошад.

Back to Top