Ғалабаи боксчиёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон

с бокс Мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи бокси байни ҷавонон, ки 14 апрел дар шаҳри Софияи Булғористон оғоз ёфт, то 24 апрел давом мекунад.

Назар ба хабари сомонаи   Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, боксчии ҷавони тоҷик Умед Ёқубов дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни то 52 килограмм муҳорибаро бо бокчии Русия Павел Фёдров бохт.

15 апрел боз як боксчии тоҷик Нурмуҳаммади Ашӯралӣ варзишгари Швейтсария Аҳмад Алтинасро мағлуб сохт.

 

16 апрел Шаҳбоз Неъматуллоев дар вазни 69 килограмм бар ҳарифи худ Ракан Нассари урдунӣ пирӯз шуд.

Хотирнишон месозем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Умед Ёқубов (вазни 52 кг), Нурмуҳаммади Ашӯралӣ (вазни 56 кг), Шаҳбоз Неъматуллоев (вазни 69 кг), Меҳрубон Сангинов (вазни 75 кг) ва Меҳроб Иброҳимов (вазни 81 кг) шомиланд.

Back to Top