Созишномаи Маскав ва Миср

с. лавров Дар натиҷаи гуфтушуниди вазирон мудофиаи Русия ва Миср, ки дирӯз дар Маскав доир гардид Маскав ба Қоҳира дар ҳаҷми зиёда аз се миллард доллар созишнома ба имзо расониданд. Дар ин хусус рӯзномаи «Ведемости» дар такя ба иттиллои саноати низомии Русия иттилоъ додааст. Мувофиқи ин созишнома Миср аз Русия тайёраҳои қиркунандаи русии «Миг 29», маҷмӯаи мушакҳои зиддиҳавоӣ, чархболҳои «Ми – 35», маҷмӯаҳои зиддикиштигии соҳилӣ ва дигар мӯҳимоти ҷангӣ харидорӣ хоҳад кард.

Намояндаи расмии артиши Миср – Аҳмад Муҳамадалӣ дар арафаи ин вохӯрӣ хабар дода буд, ки ин сафари ҷавобии вазири мудофиаи Миср дар ҷавоб ба сафари Лавров ва Шойгу аз Миср дар таърихи 14 – уми ноябри соли гузашта аз Миср, анҷом дода шудааст.

Back to Top