Хатсайри ҳавоии Душанбе-Сеул кушода мешавад

 25.10.2017 Тибқи созишномаи  баимзорасида  миёни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд миёни  ду кишвар  дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ нигаронида шудааст, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул парвози техникӣ  анҷом   медиҳад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин парвоз  31 октябри соли равон, соати 09:00  амалӣ мешавад. Бо ҳавопаймои «Боинг 737-900», ки хатсайри мазкурро амалӣ менамояд,  ҳайати корӣ парвоз карда, дар музокирот оид ба кушодани хатсайри мунтазам  иштирок мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки хатсайри мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубиро тавассути фазои ҳавоии мустақим пайваст намуда, барои рушди  муносибатҳои сайёҳии ин кишварҳо мусоидат  хоҳад кард.

 

 

Back to Top