Амалиёти экологии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Истиқлолият

22294519471Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 август то 7 сентябри соли равон Амалиёти экологии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” доир мегардад.

Дар он кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система ва сохторҳои маҳаллӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон ҳар рӯзи шанбе дар назди биноҳо, майдончаҳои тобеи худ, гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмуриву маишӣ корҳои ташкиливу ободониро анҷом дода, ба ин васила дар тозагию зебоии кишвар саҳм мегузоранд.

 Мақсад аз баргузории амалиёти экологӣ тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар арзёбӣ мегардад.

Дар амалиёт хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Back to Top