Шиносоии Президент бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ВМКБ

1035736Имрӯз Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуд.

Намояндагони ноҳияҳои вилоят намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, маводҳои ороиширо аз сангҳои қимматбаҳо ба маъраз гузоштанд. Гушаҳои алоҳидаи намоишгоҳ махсус ба ҳунарҳои қадимаи мардуми Бадахшон бахшида шуда буд, ки дар он аз сангҳои ороишӣ сар карда, то таомҳои миллӣ, сару либос ва асбобоҳои мусиқию гиёҳҳои шифобахш пешкаш гардид. Ҳамчунин, дар гӯшаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар тариқи расму харитаҳо марказҳои фароғатӣ, таърихӣ, истироҳатгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш, гулгашту хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои тамошобоб ба намоиш гузошта шуд.

 Зимни шиносоӣ бо дастовардҳо Сарвари давлат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, бо сифати баланд истеҳсол ва ба хориҷ содир кардани меваҷот, обҳову гиёҳҳои шифобахш, бастабандии гиёҳҳо, тараққӣ додани соҳаи мурғпарварӣ, қутоспарварӣ, моҳипарварӣ, афзоиши саршумори бузҳои ангорӣ барои истеҳсоли пашму ришта ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди бахши занбуриасалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Баъд аз шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят супориш дода шуд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон бояд тамоми шароит муҳайё карда шавад, аз ҷумла, бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ аз сангҳои қиматбаҳо, омода кардани ҳамаи маводҳои иттилоотӣ бо забонҳои хориҷӣ, тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба барои қабули меҳмонон аз кишварҳои хориҷ.

Back to Top