Тими мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи ФИФА чор зина боло шуд

1433483589 dsc 0539Тибқи иттилои сомонаи расмии Федертсияи футболи кишвар, дар феҳристи тозаинтишори ФИФА дастаи мунтахаби милии Тоҷикистон чор зина боло шуда, дар айни ҳол бо 173 имтиёз дар зинаи 139 қарор дорад.

Миёни тимҳои мунтахаби Қораи Осиё дастаи Муҳаммадиев як зина боло шуда, ҷои 21-умро ишғол мекунад. Рақибони тими мунтахаби мо дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабандии ФИФА ба ин тартиб ҷойгир шудаанд: Австралия - зинаи 63-юм, Урдун-зинаи 103-юм, Бангладеш-зинаи 166-ум ва Қирғизистон дар ҷои 177-ум.

 

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозиҳои расмии худро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 рӯзи 11-уми июни соли равон дар Душанбе бо тими мунтахаби Урдун ва рӯзи 16-уми июн дар Дакка бо мунтахаби Бангладеш мегузаронад. Дар сурати муваффақият дар ин бозиҳо, командаи Муҳсин Муҳаммадиев имконият дорад дар феҳристи ояндаи ФИФА, ки 9-уми июл нашр мешавад, мавқеашро беҳтар гардонад.

Back to Top