Ҷамъбасти “30 рӯзи ҷавонӣ”

 DSC 0802Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон - “Ориёно” бо баргузории як маҳфили фарҳангӣ чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”бахшида ба Рӯзи ҷавонон, таҳти унвони “Ҷавонон – давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар”, ҷамъбаст гардид.

Аҳтам Абдуллозода,раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,зимни суханронӣ, ҷавонон ва иштирокчиёнро бори дигар ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуд. Номбурда изҳор дошт, ки 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, Аҳтам Абдуллозода аз дастгирии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонон ёдовар гардида, иштирокдорон ва ҷавононро ба аз бар намудани илмҳои замонавӣ даъват кард.

Дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти кумита ба як қатор кормандони васоити ахбори омма, барои инъикоси чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои кумита барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ – маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон “Сипоснома” ва ба гирандагони Стипендияи Президенти ҷумҳурӣ аз шаҳри Душанбе шаҳодатнома дода шуд. Аз ҷумла, ду корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” – Умаралӣ Сафаралӣ, котиби масъул ва Сайфиддин Суннатӣ, муҳаррири шуъба “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳуриро сазовор гаштанд.

Инчунин, ғолибони Озмуни мусаввирони ҷавон таҳти унвони “Тоҷикистон – Ватани ман” бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Back to Top