Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурия

istiklol 05tjШаби 26 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 17 ҳазору 100 тамошобин сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 21-юм бозингари дастаи "Ал-Ваҳда" Раслан Ал-Курдӣ ба дарвозаи дастаи "Истиқлол" гол зад ва ҳисобро боз намуд. Ва дар дақиқаи 34-ум ин бозигар тӯбро вориди дарвозаи худ намуд ва ҳисоби бозӣ баробар шуд.

 

Бояд зикр кард, ки дар қисми дувум ва дар вақти иловагӣҳисоб тағйир наёфт ва бозӣ ба зарбаҳои ҷаримавӣ кашонида шуд. Хотиррасон менамоем, ки дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи "Истиқлол" ба дарвозаи меҳмонон чаҳор гол зад ва ба дарвозаи худ ду гол сар дод. Ҳамин тавр, дастаи "Истиқлол" бо ҳисоби умумии 5:3 бар дастаи "Ал-Ваҳда" пирӯз шуд ва ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ((AFC)-2015 роҳ ёфт.

Back to Top