Пирӯзии "Равшан" бар дастаи ССКА "Помир"

6644dfСе бозии даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми шанбеи 23 май натиҷагирӣ шуд. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бар дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3-2 ғалаба кард. Қисми аввали бозӣ ба фоидаи футболбозони дастаи Равшан бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки голҳоро Наврӯз Рустамов ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ ба самар расонданд. Голи севуми меҳмононро Ҳусейни Сӯҳробӣ дар оғози нимаи дувум зад. Баъдан ду бор Давронҷон Тухтасунов ҳамлагари мизбонон тӯбро ба дарвозаи дастаи Равшан ворид кард. Зимнан ин ғалабаи севуми дастаи Равшан ба шумор меравад, Се имтиёз ба кӯлобиҳо имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа як зина боло шаванд ва ҷойи 5-ум-ро касб намоянд.

Дар ҳамин ҳол дастаи Истиқлол, ки дар ҳамаи шаш бозӣғалаба кардааст, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад.дастаи Хайр бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи Регар-ТадАЗ бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Back to Top