Ғалабаи "Саройкамар" бар "Исфара" дар Лигаи аввал

isfgfДастаҳои пешсаф - "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ ва "Исфара"-и шаҳри Исфара - дар даври севуми сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғалаба карданд. Дастаи панҷиҳо бар дастаи меҳмон Эсхата-и Хуҷанд - бо ҳисоби 3-0 ва дастаи исфарагиҳо дар майдони худ бар дастаи Ҳосилот-и Фархор бо ҳисоби 1-0 ғолиб омаданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи Помир-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар дастаи Локомотив-и Душанберо бо ҳисоби 2-0 шикаст дод.

Дар ду бозии дигар дастаи Чашма-и Шаҳритус дар майдони худ бар дастаи Зарафшон-и Панҷакент бо ҳисоби 2-1 ва дастаи Панҷшер-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бар дастаи меҳмон Канд-и Конибодом - бо ҳисоби 3-0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Танҳо як бозӣ байни дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки баъди се давр дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Саройкамар» ва «Исфара» бо 9-имтиёзӣ пешсафанд. Дастаҳои «Кӯктош» ва «Панҷшер» бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳи дувуму севум қарор доранд.

Back to Top