Таҳсили доварони бахши футбол

dovar05Аз 21 то 26 май дар маркази Академияи клуби футболи «Истиқлол», воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор Ҷашнвораи футболи клуби мазкур барои дастаҳои мунтахаби   наврасони (У-14) кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мегардад.

Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣҳафт даста аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Шри - Ланка, Непал, Покистон ва Ҳиндустон иштирок намуда, бо ҳам вомехӯранд. Дар ҳошияи ҷашнвора курсҳои таҳсили   доварони ҷавон доир мешаванд.

 

Шуъбаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Насим Ҳамидов ва Вафо Қараевро намояндагони худ дар курсҳои таълимӣ таъйин кардааст. Ҳамзамон барои 14 нафар доварони ҷавони ҳафт кишвар бо роҳбарии мураббиҳои таҷрибадор Фарҳод Абдуллоев (Ӯзбекистон) ва Ҳусайн Гҳадҳанфер (Кувайт) машғулиятҳои назариявию амалӣ роҳандозӣ мешаванд.

Back to Top