Дави миллӣ: Туҳфаи таърихии Президент ба аҳолӣ

DSC 0427Дирӯз тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 28 марти соли 2007, таҳти рақами 255 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ва нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чун анъана марафони Дави миллӣ доир гашт.

Аз ҷумла, дар собиқ дидбонгоҳи Чорбоғи шаҳри Душанбе ҳазорон нафар кормандони вазорату кумитаҳо, донишҷӯён, сарбозону аҳолӣ ҷамъ омаданд. Иштирокчиёнро Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе, Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии кишвар шодбош гуфтанд.

Гуфта шуд, Дави миллӣ, ки ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари ҷумҳурӣ доир мегардад, яке аз чорабиниҳои муҳими ҳафтаи ҷавонон маҳсуб меёбад. Дар он на танҳо ҷавонон, балки калонсолону бонувон низ ширкат карда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм мегузоранд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Фармони Президенти ҷумҳуриро “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” тӯҳфаи таърихии Сарвари давлат ба аҳолӣ баҳри солимии ҷомеа номид.

Иштирокчиёни Дави миллӣ марафончиёни ВМКБ-ро ки ҳашт шабонарӯз аз Хоруғ то Душанбе давиданд, вилоятҳои Суғду Хатлон (5 шабонарӯз), минтақаи Рашт (3 шабонарӯз) ва ноҳияҳои тобеи марказ (2 шабонарӯз)-ро пешвоз гирифтанд. Ба онҳо аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва МИҲД дар шаҳри Душанбе сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Сипас, ҷамъомадагон аз дидбонгоҳи Чорбоғ ба самти Наврӯзгоҳи пойтахт дар масофаҳои 3,5 ва 10 километр давиданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо мукофот қадрдонӣ шуданд.

Back to Top