Даври аввали сабқати лигаи Тоҷикистон

05 fБа иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки дар он 13 даста ширкат мекунад,  1- уми  май оғоз ёфт.  

Мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки дар он 13 даста ширкат меварзад, рӯзи ҷумъаи 1- уми май шурӯъ шуд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар нахустин даври мусобиқа дастаи нави лигаи аввал - «Помир»- и Душанбе, ки аз ҳисоби бозингарони дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) ташкил ёфтааст, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар аз тими «Ҳулбук»- и Восеъ бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. 

Дар бозиҳои дигар «Ҳосилот»- и Фархор дар сафар бар МТО (Маркази тайёрии олимпӣ)- и Хуҷанд бо ҳисоби 4:2, «Саройкамар»- и Панҷ дар майдони худ бар «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0, «Исфара»- и Исфара дар меҳмонӣ бар «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби 1:0, «Панҷшер»-и Румӣ бар дастаи меҳмон - «Зарафшон»- и Панҷакент ва «Кӯктош»- и Рӯдакӣ бар «Чашма»- и Шаҳритус бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд. «Эсхата»-и Хуҷанд аз бозии даври аввал озод буд. 

Бозиҳои даври дувуми сабқати лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои истироҳати оянда - 9- ум ва 10- уми  май - баргузор мешаванд.

Back to Top