Оғози бозиҳои даври сеюми сабқати лигаи олии футбол

i0455jТибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии Тоҷикистон бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 24- уми апрел бо бозӣ байни дастаҳои "Истиқлол”- и Душанбе - "Парвоз”- и Бобоҷон Ғафуров оғоз меёбад. Ин бозӣ дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 17:00 шурӯъ мешавад.

Чаҳор бозии дигари даври сеюм рӯзи шанбеи 25- уми апрел байни дастаҳои «Далерон- Ӯротеппа»- и Истаравшан - «Хайр»- и Ваҳдат, «Вахш»- и Қӯрғонтеппа - «Равшан»- и Кӯлоб, «Хуҷанд»- и Хуҷанд - ССКА «Помир»- и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»- и Турсунзода - «Барқи тоҷик»- и Душанбе барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки баъди натиҷагирии ду давр дар ҷадвали мусобиқа "Истиқлол” ва "Хайр” бо шаш имтиёз пешсафанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо "Истиқлол” дар ҷои аввал ва "Хайр” дар ҷои дувум қарор доранд. "Регар- ТадАЗ” ва "Вахш” бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.

Back to Top