Курси футболи оммавии ФИФА шурӯъ шуд

FIFA03Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз  дар Душанбе Курси байналмилалии ФИФА оид ба футболи оммавӣ «Grassroots» шурӯъ шуд.

Курси мазкур се рӯз идома ёфта, дар он 20 нафар дастурдиҳандаи маҳаллӣ, мутахассисон ва мураббиёни дастаҳои футболи кӯдакона аз тамоми манотиқи кишвар донишҳои амалӣ ва назариявии худро сайқал медиҳанд. Роҳбари курс дастурдиҳандаи ФИФА оид ба футболи оммавӣ Александр Чернухо аз Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар рӯзи аввали машғулиятҳо дастурдиҳандагон ба барномаи ФИФА шинос шуда, фалсафаи футболи кӯдакона- оммавӣ, тарзи ташкили фестивалу мусобиқаҳоро байни кӯдакон аз худ менамоянд ва инчунин маърӯзаи дастурдиҳандаи ФИФА- ро оид ба футболи оммавӣ «Grassroots» аз худ мекунанд.

 

Семинари таълимии мураббиён аз се қисм: назариявӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ- тамринӣ ва ташкили фестивали футболии кӯдакона- оммавӣ иборат аст.

Дар фестивале, ки рӯзи ҷамъбасти курс доир мегардад, кӯдакони аз 8 то 12 сола иштирок карда, вазифаву супоришҳои мураббиёни иштирокчии курсро иҷро менамоянд.

Back to Top