Ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-петербург

images120916 ва 17 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург   ҷаласаи  Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ бахшида ба 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда,  дар кори он раиси Кумитаи иҷроия-муншии иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок менамояд.

 Тавре ки аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар доданд, роҳбарии ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини аввали раиси палатаи поёнии Парлумони ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ ба ӯҳда дорад. Аъзои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ даҳҳо масоили мубрамро баррасӣ намуда, ҳуҷҷатҳои тартибдодаи  онро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

 

 Ба муносибати санаи фархунда – 70 солагии Ғалаба ду қонун -“Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳалокшудагони муҳофизи Ватан” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ” таҳия шудаанд, ки ба муҳокимаи ассамблея гузошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба ифтихори 70 солагии Ғалаба бархе чорабиниҳо, аз ҷумла, иқдоми “Сабқати хотира”-ро роҳандозӣ мекунад.

Back to Top