«Қудсия» – «Истиқлол» – 2:2

f 0202Дар даври сеюми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 қаҳрамони Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо қаҳрамони феълии мусобиқа “Қудсия”-и Кувейт вохӯрд. Бозӣ мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
Дар дақиқаи сеюми бозӣ довар аз Урдун Абу Лум ба дарвозаи “Истиқлол” пеналтӣ таъин кард ва лидери “Қудсия” Бадер Мутава дастаашро ба пеш бурд. Душанбегиҳо зуд ба худ омада, на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки қисми аввал ба фоидаашон хотима ёфт. Дар дақиқаи 36, баъди партофти хуби Аҳтам Назаров Манучеҳр Ҷалилов гол зад. Дар дақиқаҳои охири қисми якум капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев голи дуюми дастаашро вориди дарвозаи ҳариф кард.
Дар қисми дуюм низ дастаҳо бозии хуб нишон доданд. Дар дақиқаи 54 боз ҳам Бадер Мутава аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро баробар кард ва бо ҳамин ҳисоб бозӣ ба анҷом расид.

 Дар бозии дигари гурӯҳи “С” “Аҳал”-и Туркманистон дар майдони худ бар дастаи “Эрбил”-и Ироқ ғалаба кард – 2:1. Ду голи дастаи Туркманистонро нимҳимоятгари 18-сола Гурбан Аннаев зад.
Баъди се давр дар ҷадвали мусобиқа “Қудсия” бо 7 хол пешсаф аст. “Истиқлол”, ки 4 хол дорад, дар ҷои дуюм мавқеъ гирифтааст. “Аҳал” ва “Эрбил” бо сехолӣ дар ҷойҳои сеюму чоруманд.
Дар даври чоруми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2015, ки 15 апрел доир мегардад, “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ “Қудсия”-ро қабул мекунад. Бозӣ соати 17:00 оғоз мегардад.

Back to Top