Омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015

FIFA TДастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум 25-уми январи соли 2015 дар Маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”- и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад, 17-уми декабр шурӯъ кард.

Тавре ки дар ин бора  Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-22) 24 бозингар - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Машғулиятҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 29-уми декабри соли равон идома меёбанд.

Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Ҳайати ниҳоии ширкаткунандагони мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст. Дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкати 16 дастаи мунтахаби ҷавонон дар назар аст. То ҳоло 11 даста, аз ҷумла дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ширкати худро дар ин мусобиқа тасдиқ кардаанд.

Back to Top