Ғолибияти варзишгарони тоҷик дар Гонконг

i45GГӯштингирони тоҷик дар ҳаштумин мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон (кадетҳо) дар Гонконг баргузор гардид, ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқа Тоҷикистонро шаш гӯштингири наврас намояндагӣ карданд. Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг бар Ҳунг ЙеҳҲуанг аз Тайван ва Бат-Эрдене Батсуурӣ аз Муғулистон ғолиб омада, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Го Ҳаишимаи ҷопонӣ мағлуб шуд. Темур барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

 

Паҳлавони дигари тоҷик Ҳоҷимас Раҳмонов дар вазни то 90 кг баъди ду пирӯзӣ бар Ерлан Талант уулу (Қирғизистон) ва Деепак (Ҳиндустон), аз Урол Хусанови ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд. Баъдан Раҳмонов барои ҷойи севум бар Раҳимбек Ашикбаев (Қазоқистон) ғолиб шуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки танҳо аз ҳисоби писарон ташкил ёфта буд, бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми 10-умро касб кард.

Back to Top