Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар муҳорибаҳои омехта

1416310214 dsc 0467Аз 10 то 17 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта байни калонсолон доир гардид. Дар ин чемпионат варзишгарон аз 37 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Тавре ки раиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё Собир Каримов иттилоъ дод, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз се нафар варзишгари тоҷик иштирок намуд.

Дар вазни 65 кило Бахтибек Каримов аз намуди гӯштингирӣ ва намуди омехта медали биринҷӣ ва нуқра ба даст овард. Маҳмуд Қурбоналиев дар вазни 80 кило аз намуди омехта бо медали нуқра сазовори ҷои дуюм гардид ва варзишгари дигари тоҷик Баҳриддин Сироҷов дар вазни 85 кило бо медали биринҷӣ соҳиби ҷои сеюм гардид.

Back to Top