Курсҳои омӯзишии ФИФА

fifa tjДар шаҳри Душанбе курсҳои серӯзаи байналмилалии ФИФА аз рӯи футболи оммавӣ ва кӯдакону ҷавонон анҷом ёфтанд.

Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар курсҳои омӯзишӣ   беш аз 20 нафар машваратчиёни бахши футбол, методистон ва мураббиҳои   футболи кӯдаконаи ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат доштанд. Машваратчии ФИФА оид ба футболи оммавӣ ва кӯдакону ҷавонон Александр Чернухо аз кишвари Беларус роҳбари курсҳои   омӯзишӣбуд.

 

Яке аз   вазифаҳои асосии Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз рушду тақвият бахшидани футбол   байни кӯдакон аст. Иштирокдорони чунин   курсҳои омӯзишӣ дар бахши футболи   байни   кӯдакон малакаҳои нав пайдо менамоянд.

Барномаи   курси омӯзишӣ   иборат аз назария¸ машғулияти таълимӣ ва ташкили ҷашнвораи футболи байни кӯдакон буд.

Back to Top