Танзими бӯҳрони Сурия

i076Танзими бӯҳрони  Сурия танҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳалли худро пайдо мекунад – изҳор доштааст вазири корҳои хориҷии Миср – Самеҳ Шукрӣ зимни мулоқоташ бо намояндаи хоси СММ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия – Стефан ди – Мистура дар Қоҳира. «Ягона роҳи баромад аз бунбасти бӯҳрони Сурия ин роҳҳои дипломатӣ аст» - гуфтааст номбурда. Хабар дода мешавад, зимни ин мулоқот бештар сари масъалаи ҳодисаҳое, ки ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати амниятӣ, вақтҳои охир дар Сурия рӯх медиҳанд ибрози назар карда шудааст.

Дар навбати худ ди – Мистура дипломатии мисриро бо корҳои анҷомдодааш дар ин замина ва алоқаҳояш бо ҳукумати Сурия ва сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ошно сохта, изҳор доштааст, ки низ ҷонибдори бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шудани бӯҳрони мавҷуда дар Сурия аст.

Back to Top