Мактуб ба Оятулло Алии Хоманаӣ

i7аоропПрезиденти ИМА – Барак Обама ба роҳбари олии рӯҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ мактуб фиристодааст, ки дар он оид ба манфиатдор будани ҳарду кишвар дар робита ва аз байн бурдани террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» гуфта шудааст. Дар ин хусус дирӯз рӯзномаи «Уол Стрит Ҷоурнал» хабар додааст. Мавриди зикр аст, ки ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия амалиётҳои террористияшро роҳандозӣ мекунад.

 

«Мактуб пурра ҷиҳати дастгирии эътилоф зидди террористон буда ҳамчунин дар хусуси роҳҳои халли мусолиҳатомези барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ низ ибрози назар шудааст» - илова намудааст манбаъ. Ба навиштаи рӯзномаи ин чорумин мактуби Обама ба роҳбари рӯҳонии Эрон аз соли 2009 – ум инҷониб маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки Амрико намехоҳад бо Эрон ҳамкориҳои низомӣ дошта бошад.

Back to Top