Пешниҳодҳои Русия дар робита ба гуфтушуниди Эрон бо «шашгона»

srg1Русия як қатор пешниҳодҳоро дар робита ба гуфтушуниди Ҷумҳурии Исломии Эрон бо «шашгона» дар хусуси барномаи ҳастаии ин кишвар, пешниҳод кардааст. Дар ин хусус ба Агентии «РИА Новостӣ» муовини вазири корҳои хориҷии Русия – Сергей Рябков изҳор доштааст. Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Ню Йорк гуфтушуниди Эрон бо «шашгона» идома дорад. «Мо дар доираи салоҳияти худ чанд пешниҳодеро, ироа кардаем ва умедворем, ки ин пешниҳодҳо мавриди қабули дигар ҳайатҳо мегардад» - изҳор доштааст номбурда. 

 Исроил ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ Эронро ба он гунаҳкор мекунанд, ки зери барномаи атомияш ба сохтани яроқи ҳастаӣ машғул аст, аммо Теҳрон ин иддаоро рад карда, мегӯяд мақсад аз амалисозии барномаи ҳастаияш истифодаи он дар соҳаҳои энергетика ва тибб аст. Мавриди зикр аст, ки дар моҳи ноябри соли гузашта Эрон ва «шашгона» тавофуқ карда буданд, дар баробари кам кардани фаъолияти барномаи атомӣ, таҳримоти Амрико ва Иттиҳоди Аврупо зидди Теҳрон бардошта мешаванд.

Back to Top