Созишномаи тақсими қудрат ва ташкили ваҳдати миллӣ

iролн678 Номзадҳо ба мақоми президенти Афғонистон зери созишномаи тақсими қудрат ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Мувофиқи ин созишнома собиқ вазири молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай президенти Афғонистон таин шуда ва дар ҳафтаи ҷорӣ ба таври расмӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Аввалин иқдоме, ки номбурда ба ҳайси роҳбари давлат бояд анҷом диҳад ин имзои созишномаи амниятӣ бо Амрико маҳсуб меёбад, ки ба қисме аз сарбозони амрикоӣ иҷоза медиҳад то баъди соли 2014 – ум дар Афғонистон боқӣ монанд.

Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои интихоботи президентии ин кишвар 7 – уми июл эълон шуда буданд, ки мувофиқи он Ашрафғанӣ Аҳмадзай ғолиб баромада буд, аммо номзади дигар Абдулло Абдулло ин натиҷаро напазируфт. То дирӯз байни ин ду номзад бо миёнаравии Амрико гуфтушунидҳо сари ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ идома дошт. Мувофиқи тақсими қудрат Абдулло Абдулло мақоми сарвазирии ин ҳукуматро ба ӯҳда мегирад. Бояд гуфт, ки то ин замон дар Афғонистон мақоми сарвазир набуд ва ҳукуматро ҳам президент идора мекард.

Back to Top