Оғози бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

ligai oПагоҳ, 27-уми август бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои ФФТ, дар ин марҳилаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон 9 дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и (Душанбе), «Хайр»-и (Ваҳдат), «Парвоз»-и (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд»-и (Хуҷанд), «Энергетик»-и (Душанбе), «Регар-ТадАЗ»-и (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа»-и (Истаравшан), «Равшан»-и (Кӯлоб) ва ССКА «Помир»-и (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал - «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара»-и (Исфара» иштирок мекунанд.

 

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар асоси қуръакашӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2014 аз даври чорякниҳоӣ мубориза мебарад. Рақибаш ғолиби ҷуфти «Хайр»/«Далерон-Ӯротеппа» мешавад.

Бозиҳои даври аввал рӯзи 27-уми август, бозиҳои ҷавобӣ 8-уми сентябр баргузор мешаванд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол дар назар аст 22-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардад.

Back to Top