Вохӯрии рафиқонаи футболбозони Беларус ва Тоҷикистон

tubi fВохӯрии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон оид ба футболро, ки 4 сентябр дар шаҳри Борисови Беларус баргузор мегардад, ҳайати ҳакамони Литва доварӣ мекунад.

Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳаками ФИФА Сергей Слива сардовари ин вохӯрӣ таъйин гардида, ҳамватанонаш Саулюс Дирда ва Владимир Герасимов ба вай ёрӣ мерасонанд. Намояндаи Беларус Денис Шербаков ба ҳайси довари захиравӣ таъйин шудааст.

 

Хотирнишон месозем, ки аз ин пеш дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон ягон маротиба бо якдигар қувваозмоӣ накарда буданд. Алҳол дар ҷадвали ФИФА дастаи мунтахаби Беларус мақоми 88 – ум ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 120 – умро касб менамоянд.

Back to Top