Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё

fifa tjҲайати ниҳоии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14), ки аз 4-ум то 13-уми августи соли равон дар шаҳри Ҳамадонии Эрон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат мекунад, эълон шуд.

Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсиони футболи кишвар хабар додааст, Раҷаб Расулов, сармураббии мунтахаби наврасони кишвар ба рӯйхат 21 бозингарро дохил кардааст. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 20-ум то 25-уми июл дар шаҳри Норак баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохиланд.

Гуфта мешавад, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ, ки 11-уми август баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамонӣ 13-уми август баргузор мешавад.

Back to Top