Мавқеи «Шашгона» дар гуфтушунид бо Эрон

frank«Шашгона» тавонистааст мавқеи ягонаро дар гуфтушунид бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нигоҳ дорад. Дар ин хусус дар Вена вазири корҳои хориҷии Олмон – Франк – Вальтер Штайнмайер изҳор доштааст. «Мо бори дигар тамоми масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор додем. Асос ин аст, ки ҷониби «шашгона» ҳамагӣ бо як мавқеъ баромад намуда онро ба ҷониби Эрон пешниҳод кардаанд» - илова намудааст номбурда.

 Тавре агентии ИТАР ТАСС аз қавли Штайнмайер менависад номбурда гуфтааст шояд даври навбатӣ охирин имконият баҳри ба таври кули аз байн бурдани тамоми нофаҳмиҳо дар ин самт бошад. Вазири корҳои хориҷии Олмон гуфтааст Эрон то 20 – уми июл вақт дорад то дар ин самт мавқеашро мушаххас созад.

Back to Top