Нигаронии Пан Гӣ Мун

012iДабири кулли СММ – Пан Гӣ Мун дирӯз аз Ироил ва Фаластин даъват ба амал овардааст, то фавран ба бархӯрдҳои низомии минтақаи Ғаззаҳ поён бахшанд. Дар изҳороти котиботи генералии ин ниҳоди бйналмиллалӣ гуфта шудааст, ки роҳбарияти СММ аз ҷараёни бархӯрдҳои низомии минтақаи мазкур хеле нигарон аст. Мавриди зикр аст, ки новобаста ба кӯшишҳои сулҳхоҳони СММ вазъ дар ин минтақа то рафт мураккаб мегардад. СММ мутмаин аст, ки қатъи хушунатҳо ва пешгирии ҳалокати мардуми осоишта ба ҳар ду ҷониб ҳам манфиатовар мебошад.

 Агентии ИТАР ТАСС хабар медиҳад, ки Пан Гӣ Мун ҳам ҳамлаҳои мушакии ҷониби Фаластин ва ҳам ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроилро маҳкум карда, гуфтааст, ки ин амалҳо зидди ҳуқуқҳои байналмиллалии умумибашарӣ мебошанд. Пан Ги Мун гуфтааст, ки аз ин ҳамлаҳо бештар аҳолии осоиштаи минтақаи Ғаззаҳ ба ҳалокат мерасанд ва ҳамлаҳои заминии Исроил низ бояд фавран қатъ карда шаванд.

                  

Back to Top