Тоҷикистон- Эстония: бозии дӯстона

FIFA TДастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон 31 май омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Эстония шурӯъ кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 22 бозингарро, ки дар байни онҳо танҳо як легионер - Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари бошгоҳи «Габала»-и Озарбойҷон мебошад, даъват кардааст.

Тавре  дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дастаи миллии кишвар дар урдугоҳи Академияи бошгоҳи футболи «Истиқлол» -и Душанбе, воқеъ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор то 4-уми июни соли равон тамрин мекунад. Худи ҳамон рӯз футболбозони тоҷик бо ҳавопаймо ба воситаи Маскав ба Таллин парвоз хоҳанд кард

Back to Top