Ғолибияти Абдулфаттоҳ ас – Сисӣ

sisiСобиқ вазири мудофиаи Миср – Абдулфаттоҳ ас – Сисӣ дар интихоботи президентии ин кишвар ғолибияти томро ба даст овардааст. Ин хабарро бо пешгӯиҳо ВАО – и маҳаллӣ паҳн кардаанд. Як манбаъ аз Комиссияи Интихоботии Миср ба ВАО хабар додааст, ки дар натиҷаи шумурдани   овозҳо аз 327 ҳавза бо гирифтани 92,3 фоизи овозҳо Сисӣ пешсаф аст. Рақиби ягонааш Ҳамдин Сабоҳӣ бошад 5,5 фоизи овозҳоро соҳиб шудааст. Дар ин кишвар дар маҷмӯъ 357 ҳавзаи интихоботӣ мавҷуд аст.

 Мавриди зикр аст, ки аз сабаби кам ширкат кардани мардум дар интихобот комиссияи марказӣ боз як рӯзи дигар барои баргузории ин маъракаи мӯҳими сиёсӣ илова карда буд. Агентии ИТАР ТАСС менависад, ки натиҷаҳои расмии интихобот баъди панҷ рӯз нашр хоҳанд шуд.

Back to Top