Мусобиқаи таэквон-до WTF дар Тошканд

tekdДастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до WTF, ки дар Қасри варзиши “Ӯзбекистон”-и Тошканд 25-уми майи соли равон шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Тавре ки дар ин бора Федератсияи таэквон-до ВТФ-и Тоҷикистон хабар додааст, дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки дар пойтахти Ӯзбекистон то рӯзи 28-уми майи соли равон идома хоҳад кард, 542 варзишгар аз 34 кишвар рақобат мекунанд.

 

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро 13 варзишгар ҳам миёни занон ва ҳам байни мардон оид ба спарринг ва пумсэ намояндагӣ доранд.

Варзишгароне, ки дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар вазни худ ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, барои ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия имтиёзҳои рейтингӣ ба даст меоранд.

Back to Top