ФАРХАНГ

Ҳасан Ҳайдар - барандаи озмуни «Гренландия»

06.07.2015 13:23

98793jfҲунарманди шинохтаи тоҷик Ҳасан Ҳайдар дар Фестивал-озмуни  умумирусиягии  сурудҳои  муаллифии «Гренландия»  бо суруди «Ғалаба» («Победа»), ки дар доираи таҷлили  70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шуда  буд, барандаи озмун  гардид. 
 Фестивал-озмуни мазкур аллакай бори 23-юм аст, ки таҷлил гардида, дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи Федератсияи Русия ва хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд. 
 Ҳасан Ҳайдар аз ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ягона ҳунарманде мебошад, ки дар ин озмун ғолиб гардид. 
  Барандагон ва ғолибони мардумии  озмун моҳи равон дар Гала-консерти  «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст» дар майдони фестивалии «Гренландия»-и вилояти Киров  ширкат хоҳанд варзид. 
    Дар ин бора аз маркази матбуоти Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» иттилоъ доданд. 



 
Back to Top