ҶАҲОН

ДИИШ 111 кӯдакро рабуд

06.07.2015 13:30

a355Масъули ВАО-и Ҳизби демократии Курдистон Саъид Мамузинӣ рӯзи якшанбе эълом кард, ки ДИИШ 111 кӯдакро аз шаҳри Мувсал рабуда, онҳоро ба марказҳои омӯзишии низомӣ ва идеологӣ бурдаанд.Ба гуфтаи ӯ ДИИШ аз ибтидои соли гузашта то кунун 1420 кӯдакро дуздида, онҳоро барои амалиёти террористӣ ва мухобиротӣ истифода мекунанд. Тифлоне, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии ДИИШ рабуда мешаванд ҳамагӣ аз 10 то 15 сол доранд. То ҳол 78 нафар аз падарони ин кӯдакони дуздидашуда бинобар сабаби эътироз баён карданашон барои рабуда шудани фарзандонашон аз ҷониби ин гурӯҳи ифротӣ боздошт шудаанд.

 

Қатли 700 нафар дар Сурия

24.06.2015 13:19

1435125171 700-kushta-shudСилоҳбадастони гурӯҳи  ифротгарои «Давлати  исломӣ»  тайи  ду  ҳафтаи  охир  дар  минтақаҳои   шарқии  Сурия  қариб 700  нафарро қатл  намуданд.  ИТАР - ТАСС  зимни  истинод  ба  иттилооти   созмонҳои  ҳифзи  ҳуқуқ дар  ин  бора  хабар  медиҳад. 

 «Давлати  исломӣ» иборат аз гурӯҳи радикалии  суннимазҳаби  исломӣ буда, моҳҳои  охир масоҳати  зиёди қаламрави Сурия ва  Ироқро  таҳти  назорати  худ қарор  додааст.  Қаблан хабар  дода шуда буд, ки  дар  минтақаи  Синҷари Ироқ аз ҷониби террористон қариб се  ҳазор  нафар   занон ба гарав  гирифташуда,  беш  аз  300  нафар  мардон ба қатл расиданд. Ҳодисаҳои  қатли одамон  дар  заминҳои  аз  ҷониби  иртиҷоиён   забтшудаи  Сурия  ва  Ироқ  ҳар  рӯз  рух медиҳанд.

Шӯрои  амнияти СММ қатъномаи  таҳримот  нисбат ба  шаш  нафари дастдошта ба фаъолияти  гурӯҳҳои  радикалии  дар  Ироқу  Сурия  амалкунандаро  қабул  намуд. 

 

Дар Нангарҳор 18 нафар қурбони зарбаҳои мушакӣ шуданд

19.11.2014 11:16

bespilotnnikҲавопаймои бидуни сарнишини неруҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба як маҳалли аҳолинишини вилояти Нангарҳори қисми шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чанд зарбаи мушакӣ зад. Бар асари ҳодиса 18 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷрӯҳ шуд. Табибон вазъи саломатии захмиёнро баъди ташхису муоина ниҳоят вазнин арзёбӣ намуданд.  Ҷониби неруҳои ҳарбии Амрико ҳамлаи мазкурро тасдиқ намуда, иттилоъ доданд, ки ҳадафи ин иқдом несту нобуд намудани нуҳуфтгоҳи ҷангиёни ҷунбиши «Толибон» ба шумор меравад.

 
 

Нигаронии Амрико аз идомаи сохтмони шаҳракҳои яҳудӣ

13.11.2014 11:55

i8906Маъмурияти ҳукумати Амрико аз идомаи сохтмони шаҳракҳои яҳудӣ дар ҳудуди заминҳои ишғолии Фаластин шаддидан изҳори нигарони кардааст. Исроил ният дорад, ки дар минтақаи Рамот 200 – адад хонаҳои истиқоматӣ ва 174 хонаи дигар дар ҳудуди арабии Байтулмуқаддаси шарқӣ бунёд намояд. Дар ин хусус зимни як брифинг намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии ИМА – Ҷен Псакӣ изҳор доштааст.

МУФАССАЛ...

 

Танзими бӯҳрони Сурия

13.11.2014 11:39

i076Танзими бӯҳрони  Сурия танҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳалли худро пайдо мекунад – изҳор доштааст вазири корҳои хориҷии Миср – Самеҳ Шукрӣ зимни мулоқоташ бо намояндаи хоси СММ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия – Стефан ди – Мистура дар Қоҳира. «Ягона роҳи баромад аз бунбасти бӯҳрони Сурия ин роҳҳои дипломатӣ аст» - гуфтааст номбурда. Хабар дода мешавад, зимни ин мулоқот бештар сари масъалаи ҳодисаҳое, ки ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати амниятӣ, вақтҳои охир дар Сурия рӯх медиҳанд ибрози назар карда шудааст.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 2 аз 6

Back to Top