ҶАҲОН

Гуфтушуниди Ҷозеф Байден бо президенти Курдистони

25.08.2014 15:08

defaultННМуовини президенти Амрико – Ҷозеф Байден дирӯз бо президенти Курдистони Ироқ – Масъуд Барзанӣ гуфтушунид кардааст. Дар сӯҳбат асосан масъалаи муқовимат бо гурӯҳи «Давлати Исломӣ» дар Ироқ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтааст – хабар медиҳад Қасри Сафед. «Онҳо ҳамкории таърихии ҷангиёни курдро бо нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ, ки бо кумаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар шарикон тавонистаанд садди стратегии Мосулро аз дасти террористон гирифтаанд, мӯҳим арзёбкардаанд» - гуфта шудааст дар изҳороти Қасри Сафед.

Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки Барзанӣ аз сарвазири нави Ироқ – Ҳайдар Ибодӣ ҷонибдои намуда, хостори ҳарчи тезтар таъсиси ҳукумати нав дар Ироқ шудааст.

 

Мавқеи «Шашгона» дар гуфтушунид бо Эрон

14.07.2014 11:01

frank«Шашгона» тавонистааст мавқеи ягонаро дар гуфтушунид бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нигоҳ дорад. Дар ин хусус дар Вена вазири корҳои хориҷии Олмон – Франк – Вальтер Штайнмайер изҳор доштааст. «Мо бори дигар тамоми масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор додем. Асос ин аст, ки ҷониби «шашгона» ҳамагӣ бо як мавқеъ баромад намуда онро ба ҷониби Эрон пешниҳод кардаанд» - илова намудааст номбурда.

МУФАССАЛ...

 

Нигаронии Пан Гӣ Мун

14.07.2014 10:10

012iДабири кулли СММ – Пан Гӣ Мун дирӯз аз Ироил ва Фаластин даъват ба амал овардааст, то фавран ба бархӯрдҳои низомии минтақаи Ғаззаҳ поён бахшанд. Дар изҳороти котиботи генералии ин ниҳоди бйналмиллалӣ гуфта шудааст, ки роҳбарияти СММ аз ҷараёни бархӯрдҳои низомии минтақаи мазкур хеле нигарон аст. Мавриди зикр аст, ки новобаста ба кӯшишҳои сулҳхоҳони СММ вазъ дар ин минтақа то рафт мураккаб мегардад. СММ мутмаин аст, ки қатъи хушунатҳо ва пешгирии ҳалокати мардуми осоишта ба ҳар ду ҷониб ҳам манфиатовар мебошад.

МУФАССАЛ...

 
 

Машқҳои муштараки ҳарбӣ

30.06.2014 14:41

 

 

tamrinЗиёда аз 100 – нафар пиёдагардони баҳрии ИМА ва Филиппин дар машқҳои муштараки ҳарбӣ – баҳрӣ бо номи «Кооперейшн Эфлот Ридинесс» дар соҳилҳои шимолу – ғарбии Филиппин ширкат кардаанд. Дар ин хусус Агентии «Ассошейтед Пресс» иттилоъ додааст.

МУФАССАЛ...

 

Гуфтушунид дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон

16.06.2014 13:25

300 628879 20131127142400Роҳбарияти сиёсии Эрон ва «шашгона» имрӯз ба пойтахти Австрия шаҳри Вена ҳозир шуда бегоҳи ҳамин рӯз даври паҷуми гуфтушуниди барномаи ҳастаии Эронро оғоз мекунанд. Ҳайати «шашгона» - ро дар ин гуфтушунид роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Кетрин Эштон ва ҷониби Эронро вазири корҳои хориҷии ин кишвар – Ҷавод Зариф роҳбарӣ мекунанд. Аз давраи чоруми гуфтушунид, ки моҳи май доир гардида буд як моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам ҷонибҳо корро дар ин самт қатъ накарда буданд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 4 аз 6

Back to Top