Хабар

Озмоиши ҷангафзори ҷадид. Таҳримҳо ба Кореяи шимолӣ меафзояд?

Ким Чен-Кореяи шимолӣ боз як силоҳи ҷангиро озмоиш кард. Ким Чен Ун, роҳбари Кореяи шимолӣ шахсан озмоиши ин силоҳи навро назорат кардааст. Пас аз шикасти дидори раҳбарони Амрико ва Кореяи шимолӣ дар пойтахти Ветнам нахустин бор аст, ки мақомоти Кореяи шимолӣ аз як озмоиши таслиҳоти ҷадид хабар медиҳанд.
Бар асоси хабаре, ки аз ҷониби хабаргузории давлатии Кореяи шимолӣ интишор шудааст, Ким Чен Ун, роҳбари Кореяи шимолӣ шахсан ба озмоиши ин силоҳи тактикии ҳидоятшаванда назорат доштааст. Гуфта шудааст, ки ин силоҳи нав қодир ба ҳамли кулоҳаки харобкунанда аст. Ким Чен Ун тавлиди ин ҷангафзори ҷадидро таҳаввули муҳиме дар густариши таслиҳоти низомии ин кишвар тавсиф кардааст.

 

Reporters: дар Аврупо ва Амрико рӯзноманигоронро туҳмат мекунанд

Вазъи рузноманигоронСозмони гузоришгарони бидуни марз дар гузориши солонаи худ гуфтааст, соли гузашта 84 нафар аз фаъолони расонаҳо кушта шудаанд, ки 66 нафари онҳо хабарнигор буданд.
Бар асоси гузориши солонаи созмони гузоришгарони бидуни марз, ки 17 апрел интишор шуд, дар Аврупо ва Амрико вазъияти хабарнигорон бадтар шудааст. Таҳдид ба қатл, тӯҳмат ва бадном кардан онҳо афзоиш ёфтааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо аз даст додани се зина дар радаи 46 ва Утриш бо аз даст додани 5 зина дар радаи 16 қарор гирифтаанд. Дар Олмон низ ҳамла ба хабарнигорон афзоиш ёфта, ба 22 ҳолат дар соли гузашта расидааст. Хабарнигорон дар Туркия, Русия ва Чин низ вазъияти хубе надоштаанд. Дар Русия тасвиби қонуни нави озодии матбуот вазъро бад карда будааст.

 

Русия бо маҳсулоти ширии Белоруссия ҷанг эълон кард

молокоНашрияи “Комерсант” менависад, ки Русия талош дорад, қарори байнадавлатиашро Бо Белорус, ки дар доираи созмони иқтисодии Авру Осиё бо Белоруссия баста шудааст, бекор намояд. Ин қарор Маскавро вазифадор менамояд, воридоти ҳама гуна маҳсулоте, ки дар кишварҳои узви созмони иқтисодии Авру Осиё истеҳсол мешавад бемамониат ба қаламраваш роҳ диҳад. Росселхознадзор айни ҳол воридоти маҳсулоти шириро аз Белоруссия ба Русия маҳдуд кардааст. Ин сохтори руссӣ сабаб пеш овардааст аст, ки мақомоти дахлдори Белоруссия ба маҳсулоти пастсифат низ сертификати сифат медиҳанд.

 
 

Таҳлил ва баррасии муҳимтарин мавзуҳои рўз

1393517717033582592 o Таҳлил ва баррасии омил ва заминаҳои  сар задани кудато дар Судон .
Муассиси Wikileaks Ҷулиан Ассанҷ рӯзи 11 апрел аз ҷониби полиси Британия боздошт шуд.
Охирин ахбор аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодагии муҳандисону коргарон барои роҳандозии агрегати дуввуми неругоҳи Роғун.
Нигаронии коршиносони соҳаи синамо аз рушди нокофии синамои тоҷик.  Андешаи Диловар Султонӣ  филмноманавис ва коргардони синамо дар мавриди роҳҳои эҳё ва рушди синамои тоҷик.
Баҳси корбарони шабакаи Фейсбук дар мавзўи “истифодаи сарфакоронаи буҷаи хонавода”.  Таҳлил ва баррасии ин мавзуҳо дар радиомаҷаллаи “Бозтоб” аз  Радиои Тоҷикистон.

 

Ҷулиан Ассанж боздошт шуд

АсанчҶулиан Ассанж, муассиси Wikileaks имрӯз, 11 апрел аз ҷониби полиси Британия аз сафорати Эквадор маҷбуран берун кашида шуда, ҳабс гардид.
Расонаҳои маҳаллии Британия раванди берункунии Ассанжро аз сафорати Эквадор ба навор гирифтаанд, ки бо ришу мӯйи дамида бо пулис муқобилият дорад.
Полис гуфтааст, ки Ассандж баъди он ҳабс шуд, ки ҳукумати Эквадор ҳақи паноҳандагии Ассанжро бозпас гирифт ва сафир иҷоза дод, ки ба дохили сафоратхона ворид шаванд. Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард.
Шветсия истирдоди Ассанжро талаб карда гуфтааст, ки ин мард барои озори ҷинсӣ ва иттиҳоми таҷовуз ба номуси ду зан дар соли 2010 гумонбар мешавад.
Ассанж, шаҳрванди Австралия, инчунин метавонад барои нашри тахминан 500 ҳазор санади махфии низомӣ ва дипломатӣ дар робита бо низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон ва Ироқ дар соли 2012 муҳокима шавад.

 
 

Саҳифаи 1 аз 98

Back to Top