Сил поёни роҳ нест!

Барои асосиБаҳром (номи шартӣ) 22 сол дошта, бо бемории сили иртишоҳии шуши рост дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил, воқеъ дар шаҳраки «Шифо»-и шаҳри Ваҳдат бистарӣ буд, ки  чанд моҳ қабл рухсат шуд.

 Ӯ бинобар вазнин будани ҳолаташ моҳи июли соли 2018 тавассути мошини ёрии таъҷилӣ ба ин беморхона дастрас гардид. Баъди табобат худро комилан бардам эҳсос мекунад. Агар замони ба беморхона расониданаш 47 кг вазн дошт, айни ҳол вазнаш ба 66 кг расидааст. Ташхиси ниҳоӣ нишон дод, ки комилан шифо ёфтааст

 

 

 Мавсуф мегӯяд, аз аҳли оилаашон то ҳол касе гирифтори ин беморӣ набуд. Худи ӯ дар муҳоҷират ба ин беморӣ гирифтор шуд:

 

Карта-“Соли 2018 бинобар дуруст набудани санадҳои будубошам дар Русия боздошт ва ба боздоштгоҳ интиқол шудам. Яке аз нафарони дар боздоштгоҳбуда зиёд сулфа дошт. Фикр мекунам, онҷо сироят ёфтам. Вале зуд дарк накардам. Муддати шаш моҳ месулфидам. Барои сулфаву шамолхӯрӣ дору мехӯрдам, вале сиҳат нашудам. Дар ниҳоят аҳволам бад шуда, иштиҳоям баста гардид, ҳарорати баданам аз ҳад зиёд баланд мешуд, қай мекардам. Вазнам аз 75 кг ба 45 кг расид. Баъди муроҷиат ба табибони рус, гуфтанд, ки нишонаҳои сил дида мешавад ва баъди рентген пешгӯиашон тасдиқи худро ёфт. Баъд аз ташхис ба духтурон гуфтам, ки табобатамро дар Тоҷикистон мегирам ва ба Ватан бозгаштам. Ман аз таҷрибаам мегӯям, ки бемории сил поёни умри инсон набуда, дар сурати муроҷиати бармаҳал табобати комил меёбад, мисли ман! (механдад)”, -мегӯяд Баҳром.

Табобати сил ройгон аст

Рентгени Бахром1Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, ки аз замони ташхис ва муайян намудани бемории сил, новобаста ба шаклҳои он (шушӣ ё ғайришушӣ) ройгон табобат мешавад. Дору ройгон дастрас мегардад. Дар баробари ин, ҳама гуна ташхис зимни табобат ройгон аст.

Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати ташкилӣ, хизматрасонии тиббӣ ва техналогияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииаҳолии Тоҷикистон низ мегӯяд, табобати беморони сил дар доираи барнома ройгон аст.

Ҳамасола барои табобати беморони сил маблағгузории давлатӣ меафзояд. Ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ дар паҳлӯи Тоҷикистон барои табобати беморони сил кумак менамоянд.Хилолби Курбонзода

Бояд гуфт, дар беҷети давлатӣ барои соли 2019-ум 3,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, вале ин маблағ ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Дар ҳамин ҳол Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мегӯяд, зимни қабули Буҷети давлатӣ барои соли 2019 аз Вазорати молия даъват намуд, ки дар таҳияи буҷети соли 2020 ва солҳои оянда барои беморони сил маблағ бештар ҷудо гардад.

Муроҷиати саривақтӣ кафили табобати комил

Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда буда, ҳангоми ташхиси саривақтӣ табобат мешавад.

Вале табибон ба ҳеҷ ваҷҳ тавсия намедиҳанд, ки шахс худсарона ва бе машварати табиб табобат гирад.

Таъкиди дигари духтурон ин аст, ки шахс набояд ба хотири тамғагузорӣ шудан мустақил ба табобат машғул шавад. Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил низ хитоб менамояд, бо табобати халқӣ бемор натанҳо ба натиҷа намерасад, баръакс, ба вазнин шудани ҳолаташ сабаб мешавад: “бинобар ин, агар шахс аломатҳои бемории силро дар худ ва наздиконаш мебинад, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кунад. Гӯш надодан ба ҳар гуна сару садо ва сари вақт аз ташхис гузаштану гирифтани табобат барои комилан шифо ёфтани бемории сил мусоидат менамояд. Тарс аз тамғагузорӣ бошад ҳолати беморро вазнин ва давраи табобатро тӯлонӣ менамояд”,-мегӯяд ҷанобиШарипов.

Сил авлодӣ нест!

Мо дар таҳлили худ ба ин натиҷа расидем, ки бемории сил ирсӣ нест. Масалан, агар соли 2017-ум5231 ҳолати гирифторшавии аҳолӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шуда буд. Аз рӯйи синну сол гирифторони ин беморӣ дар миёни синну соли 14-сола ҳамагӣ 146 нафарро ташкил додааст.

Солҳои пешин низ гирифторшавии ноболиғон ба бемории сил нисбат ба калонсолону ҷавонон ночиз аст.                         

 Табибон мегӯянд, як омили хатари сироятёбӣ ба сил муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мегӯяд, агар бемор бошанд, сироят мекунанд ё аз ҳамроҳону атрофиёни хеш сироят меёбанд. Сироятёбӣ ё паҳншавии сил дар миёни онҳо зиёд аст, чунки бештар дар робита ҳастанд. 

 

Ба маълумоти муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, бемории сил музмини сироятӣ мебошад: “ирсият доштани ин беморӣ асос надорад. Агар хонаводаҳое, ки дар мавриди аломатҳои ин беморӣ намедонанду як узви оила гирифтори ин беморӣ гардид, хатари гирифтор кардани атрофиён бештар мешавад. Чунки ҳангоми сулфа ё балғамхориҷкунӣ чубчамикроби сил ба муҳит паҳн мешавад. То замони муроҷиат ба табиб ин беморон манбаи сироятёбии атрофиён маҳсуб мешаванд. Бархеҳо ин нозукиро дарк намекунанд ва бо назардошти ҳамин ҳолтҳо овозаҳо дар миёни мардум паҳн шудааст, ки ин беморӣ ирсӣ аст. Вале ҳақиқат ҳол, ин нест, бемории сил ирсӣ нест!

Коҳиши чашмраси бемории сил

Аз солҳои 2007-2008 фарогирии саросарии табобати бемории сил дар кишвар ба роҳ монда шуд ва сатҳи нишондоди беморшавии аввалияи аҳолӣ он солҳо 85 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад.

Тибқи иттилои Бобоҷон Пирмуҳаммадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, соли 2018 ба 100 ҳазор аҳолӣ 56,7 ҳодиса рост меояд. Яъне, 27-28 ҳодиса нисбат ба солҳои пешин кам шудааст. Ҳамзамон, яке аз нишондҳои дигар- паст шудани сатҳи фавт аз бемории сил аст. Дар муқоиса ба даҳ сол пешин нишондод 7 ҳодиса ба 100 ҳазор аҳолӣ буд. Соли 2018 бошад ин нишондод ба 2,8-3 ҳодиса ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд, яъне қариб ду баробар кам шудааст.

Вазъи иҷтимоии духтур ба кораш бетаъсир нест

comparing the 2 types of literatureАхиран барои боло бурдани шароити иҷтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд, қарори Ҳукумати Тоҷикистон (29 декабри соли 2018) ба имзо расид. Тибқи ин қарор, маоши вазифавии табибони силшинос як баробар боло бурда шуда, соати корӣ низ кам карда шуд, ки минбаъд дар як ҳафта на бештар аз 35 соат кор бояд кор кунанд. Ба ғайр аз ин, рухсатии иловагӣ ва истифодаи имтиёзноки истироҳатгоҳҳо кафолат дода шуд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, 4 маркази вилоятӣ, 66 маркази шаҳриву ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, 1 беморхонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, беморхонаи кӯдаконаи сил, 4 вилоятӣ ва 20 беморхонаи сатҳи ноҳияву байниноҳиявӣ ва осоишгоҳи бачагонаи Қаратоғ фаъолият мекунанд.

Боиси қайд аст, ки дар ҷумҳурӣ дастгоҳҳои ташхисии замонавӣ, аз қабили Бактек, Хайн-тест ва Ген-эксперт (Gene  Expert) дастрас гардида, замони муайянкунии бемории силро кӯтоҳ намудааст, ки ин омил табобати саривақтиро имконпазир мегардонад.

Дар баробари шароити мавҷудаи табобат, шаҳрвандонро зарур аст, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои бемории сил дар худ ва наздиконашон, бояд ба муассисаи зарурӣ муроҷиат намоянд. Чунки бидунаи муроҷиат ва шурӯъи табобат ин беморӣ худ шифо намеёбад.

С. Кабиров

Back to Top