Frontpage Slideshow (version 2.0.0) - Copyright © 2006-2008 by JoomlaWorks

Маҳамадалӣ Акармов (хабарнигори минтақавӣ)

Ба иттиллои Суҳроб Қулмаҳмадов - нозири ташвиқоту тарғиботи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар давоми моҳҳои гузаштаи соли равон дар ҳудуди вилоят 91 ҳодисаи нохуши сухтор ба қайд гирифта шудааст, ки зарари он 1 миллиону 545 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.

 

Маҳамадалӣ Акармов (хабарнигори минтақавӣ)

 Деҳқонон ва чорводорони вилояти Хатлон барои афзун намудани маҳсулоти хӯроки чорво ва аз зимистони дар пеш истода солиму бардам баровардани онҳо дар масоҳати 5 ҳазору 471 гектар замин кишти зироатҳои хӯроки чорво, аз ҷумла ҷуворимакка барои силос ва алафҳои бисёрсоларо анҷом додаанд.

 

Бахтиёри Зоир

Даври 6-уми бозиҳои қаҳрамонии кишвар оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии мамлакат ба охир расид.

 

Зоҳир Эшонов

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба литсей – интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати кишвар, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ташриф оварда, аз рафти таълиму тарбия ва шароити будубош дар ин муассисаи таълимӣ ошно шуд.

 

 Зоҳир Эшонов

 Президенти навинтихобшудаи Парагвай – Орасио Картес, ки яке аз сарватмандтарин шахсони ин кишвар маҳсуб меёбад, аз музди меҳнати худ даст кашида гуфтааст, онро барои кӯдакони бехона ва шахсони бемориашон табобатнашаванда мебахшад.

 

Бахтиёр Зоиров

Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол, дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, дар доираи мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2013 аз тими “Ал Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

 

Бахтиёр Зоиров

Ба гуфтаи масъулини Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах», майдони паҳнгаштаи малахҳо дар ҷумҳурӣ то санаи 29 апрели соли ҷорӣ 62 ҳазору 945 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 36 ҳазору 490 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

 

Бахтиёр Зоиров

 

Масоҳати кишти пахта то санаи 29 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 185 ҳазору 565 гектарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод баробари 92,7 фоизи дурнамои кишти пунбадона дар мамлакат мебошад.

 

Бахтиёр Зоиров

Дастаи Баруссия Дортмунди Олмон бо вуҷуди бохташ дар вохӯрии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бар тими Реалии Мадрид, нахустин шуда ба финали мусобиқа баромада, рақиби худро интизор аст.

 

Маҳмадалӣ Акрамов (хабарнигори минтақавии радио)

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишоварзони ноҳияи Мӯминобод 10 адад трактор тақдим кард.